ИСТИКЛОЛИЯТ МУБОРАК!!!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Доштани Ватани ободу зебо, ҷилои сулху субот дар кишвар неъматест, ки наметавон онро ба чизе андоза ва монанд кард. Хушбахтӣ ва ифтихори бузурги ҳар инсон аст, ки дар оғӯши Ватани босубот, зери осмони беғубор зиндагӣ ба сар бурда, ба қадри он бирасад. Ба даст овардани Истиклолият худ неъмати гаронарзиш асту нигоҳдошту ҳифзи он ба дӯши ҳар як нафари ватандӯст масъулияти ҷиддиро вогузор менамояд.

Мақсад аз ин гуфтаҳо, ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва соҳибкорон баргузор гардид. Сараввал, табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер садо дода, аҳли ҳозиринро самимона шодбош намуданд. Гурӯҳе аз фаъолон бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.