Ташаббусҳои ҳизбӣ - дар амал

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Мумфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикргардида баҳисоб рафта, бобати сазовор ҷашн гирифтани 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии «Роҳсоз», ҷамоати деҳоти “Озодагон”, “Турдишайх” ва “Сафедорон”-и ноҳия 3300 метр роҳҳои байни деҳаҳои Турдишайх ва Сафедорони  ҷамоати болозикр мумфарш карда шуд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар мумфаршкуни иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.