Болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои бекорхобида, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони МТМУ №12-и ҷамоати деҳоти ”Озодагон” деҳаи ба номи Ҳ. Шерови ноҳияи Панҷ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, замини бекорхобидаи муассисаро кишт намуданд.
 
Зимни суҳбат масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Бинобар ин сабаб, ҳар яки моро зарур аст, ки заминҳои бекорхобидаро самаранок истифода намуда, зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.