ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии иқдоми неки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марзбон” дар маҳалла ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд. Дар баробари сокинони кӯчаи 50-солагии Қ.Сарҳадӣ дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар ин ҳашар мардум гирду атрофро тоза намуданд.  Инчунин, роҳравҳоро аз хазону дигар алафҳои бегона тоза намуданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми ноҳия чунин ҳашарҳои дастаҷамъона  баҳри ободии диёр идома доранд.