РӮЗИ ДОНИШ МУБОРАК!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати "Рӯзи дониш", ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 баргузор гардид, иштирок намуданд.

Табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон Нозил ба муносибати "Рӯзи дониш" ва саршавии соли нави хониши 2022-2023 ба саҳми падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон расонида шуд.