ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони муассисаи таҳсилоти гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Панҷи Ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи муассисаи таълимиро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.

Ҳамзамон, коллективи омўзгорон, ассотсиатсияҳои падару модарон ва аъзоёни хайрхоҳи ҲХДТ кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то оғози соли нави таҳсил (2022-2023) синфхонаҳоро бо сифати баланд таъмир намуда, барои қабули хонандагон ҳамаи шароити таълимиро фароҳам созанд.