Амалишавии ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳар шанбеи охири моҳ ҷиҳати татбиқи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад. Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ имрӯз дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор гардида истодааст. Дар ин чорабинии ҳизбӣ хатмкардагони собиқи муассисаи таълимии Литсейи давлатии №1-и ноҳия, фаъолон ва шахсони саховатпеша ҷалб гардида, дар таъмир  ва хариди таҷҳизотҳои зарурии мактаб саҳми худро мегузоранд. Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида, ин навбат хатмкардагон ва кумитаи падару модарон дар таъмири ҷории мактаб ва таъмини он бо мизу курсҳо ёрии амалии худро расониданд.