ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ - ДАР АМАЛ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Соли нави хониши 2022-2023 барои маорифчиёни ноҳия бобарору муждарасон оғоз мегардад. Зеро дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра фаро гирифтани хонандагон ба таълиму тарбия дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки ноҳия дар муассисаи таълимӣ №1, ки барои соли хониши дар боло зикргардида тайёрӣ дида истодаанд,  гирду атрофҳои муассисаро рангубор карда, аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тозаву озода намуданд ва аксари синфхонаҳоро таъмир карда, ба истифода қарор доданд.