ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ ДАР АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии иқдоми неки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳасан Шеров” дар маҳалла ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд.Дар баробари сокинони деҳаи Маданият дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.
Дар ин ҳашар мардум гирду атрофи хонаҳои истиқоматиашонро тоза карда, инчунин, роҳравҳоро аз хазону дигар алафҳои бегона тоза намуданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми ноҳия чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри ободии диёр идома доранд.