ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳия бахшида ба 31-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ корҳои ободонӣ доир карданд. Бо дастгирии мардуми ватандӯсти деҳаи Ёзғанд дар масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ  кардан саҳмгузорӣ шуда,  бо ҳашари дастаҷамъона хасу хошокҳоро тоза карда, дарахтони гирду атрофро сафед намуда ва роҳравҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-ро  таъмир карданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ  андешаронӣ карда,барои ташкили корҳои ободониву созандагӣ  изҳори миннатдорӣ баён доштанд.