Ташаббусҳои ҳизбӣ - дар амал

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Сангфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикргардида ба ҳисоб рафта, бобати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ 1400 метр роҳи яке аз деҳаҳои ҷамоати Кабут Сайфиддинов сангфарш карда шуд.
Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод як гӯшаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар сангфаршкунӣ иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.