ТАЪМИР ДАР МУАССИСАҲО ҶАРАЁН ДОРАД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13- и ҷамоати деҳоти Озодагон деҳаи Сафедорон бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳои он рангу бор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. 

Муассиса барои соли хониши 2022-2023 омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегирад