КУМАК ДАР АРАФАИ ИДИ “ҚУРБОН"

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд ва барҷомонда, имрӯз бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии №34 Раҳимов Қурбоналӣ ба 3 нафар маъюб ва ятими ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳия бахшида ба иди Қурбон кумак расонида шуд.

Зимни аёдат масъулин аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа бохабар гардида, бо кумаки яквақтаинаи пулӣ ва моли ҳавасманд гардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки оилаҳои мазкур аз ин иқдоми хайрхоҳонаи пешгирифтаи ҳизбиён бисёр хушҳол гардида, изҳори миннатдории худро ба ташаббускорон ва роҳбарияти Олии мамлакат баён намуданд.