КУМАК ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд ва барҷомонда имрӯз бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба 12 нафар маъюбон, ятимон ва ниёзмандони ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳия  бахшида ба иди Қурбон аёдат гардид.

Зимни аёдат масъулин аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа бохабар гардида, онҳо бо кумаки яквақтаинаи пулӣ таъмин карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки оилаҳои мазкур аз ин иқдоми хайрхоҳонаи пешгирифтаи ҳизбиён бисёр хушҳол гардида, изҳори миннатдории худро ба ташаббускорон ва роҳбарияти Олии мамлакат баён намуданд.