Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем» - дар амал.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат – Президенти кишвар, раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз» ва бо ҷалби аъзоёну ҷонибдорони ҳизб 800м роҳи дохили маҳаллаи «Қушунҳои Сарҳади» ҷамоати шаҳраки Панҷ мумфарш карда шуд.