Корҳои ободонӣ ва азнавсозӣ дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳ”.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва нақша – чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб корҳои ободонию созандагии ҳизбиён вусъати тоза касб намуда истодаанд. Дар ин росто, бо ташаббуси бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Варзишгоҳ” - бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар Варзишгоҳи марказии ноҳия ,   бахшида  ба 35 –солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикикистон корҳои ободонӣ ва азнавсозӣ  бомаром идома  дорад.