Варзиш - гарави саломатист

Панҷ: Созандагони ватан  

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Пешвои миллат, Призиденти  кишварамон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз варзиш дар ноҳияи дурдасти сарҳадии Панҷ рушд карда истодааст.  Варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳо имрӯз наврасону ҷавонон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд. Имрӯз дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ” чорабинии  варзишӣ аз намуди футбол баргузор гардид .