ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – АСОСИ ТАНДУРУСТИИ МИЛЛАТ

Панҷ: Андеша  

         Тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.

 Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, бузуругтарин донишмандони тиб ба такрору таъкид гуфтаанд, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст, тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд. Фаҳмиш ва дарки пурраи мафҳуми тарзи ҳаёти солим, дар амал дуруст ҷорӣ намудани он – ин маънии солиму бардам будани миллат, хонаводаҳо, насли имрӯзу оянадаро дорад. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат бошад – ин аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст, давлат дар сояи миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад. 

Зарурат ва аҳамияти тарзи ҳаёти солимро барои солимиву тандурустии миллат ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи октябри соли 2010 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”-ро қабул намуд. Барномаи мазкур дар ҳукми амал аст, он заминаи боэътимод ва роҳнамои асосии кори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. 

Бале, мувофиқи омӯзишу тадқиқоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сиҳатии аҳолӣ танҳо 10 дар сад аз тиб вобаста мебошад, 20 дар сади он марбут ба муҳити зист, 20 дар сади дигар пайванд бо ирсият мегирад, 50 дар сади дигар ба азму талоши худи мардум вобаста аст. Ин рақамҳо гоҳо каму беш тағйир меёбанд, вале барои мо муҳим он аст, ки аҳолӣ то кадом андоза масъулияти хешро дар пойдориву устувории сиҳатии хеш дарк мекунад ва умуман худро масъули саломатии хеш медонад ё не? Дар воқеъ, чанд санҷише, ки Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҳамроҳии шарикон тайи солҳои гуногун дар баъзе минтақаҳои кишвар анҷом дод, собит намуданд, ки аҳолӣ бештар табибонро масъули саломатии хеш медонанд. Вақти он расидааст, ки мафкураҳо нисбати масъулият ба саломатӣ тағйир дода шаванд, роҳу воситаву василаҳоеро бояд ба кор бурд, ки шахс худаш масъули саломатии хеш буданашро дарк намояд. 

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.