Кӯмак расонидан ба кӯдакон яке аз самтҳои асоси фаъолияти ҲХДТ аст!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии маъюбон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон санаи 1-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсафарзод Мирзораҳим ва Усмонов Зикруллоҳ, дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо 3- нафар кудакон кумак расониданд.Ашхоси кумакрасон иброз доштанд,ки ин охирин кори онҳо набуда,ният доранд,ки минбаъд низ чунини амалҳои хайру савобро давом диҳанд