Мо дастаҷаъмона Ватани худро обод хоҳем кард.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат – Президенти кишвар, раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.

Дар ҳамин доира бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва саҳми ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб дар ҷамоати деҳоти Озодагон - и ноҳияи Панҷ деҳоти «Шоҳмот 1» аз ҷониби аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз» роҳи марказии ноҳия зиёда аз 1км роҳ мумфарш карда шуд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд.