Тамошои филми “Шикасти фитна” дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри бедор гардидани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми марзу буми Ватани азизамон имрӯз бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои ноҳия филми ҳуҷҷатии“ Шикасти фитна” маърази тамошо гардонида шуд.

Аз тамошои филм бармеояд, ки ҳодисаҳои ахири ВМКБ ва якчанд бесарусомониҳо дар минтақаи мазкур маҳз бо нақшаҳои ғаразонаи гурӯҳҳои ташкилгардида, ки дар асоси пешниҳоди хоҷагони хориҷӣ тарҳрезӣ гардидааст, сурат гирифт. Инчунин, дар ҷараёни тамошои филм муайян гардид, ки амалӣ сохтани бесарусомониҳо дар минтақаҳои Бадахшон баҳри маблағҳои ночиз равона шудааст.

Ҳамзамон, аз тамошои филм омӯзгорон ва хонандагон фаҳмиданд, ки ягон мақсадҳои нопок  амалӣ нахоҳад гашт ва ҳар як шаҳрванде, ки ақидаҳои нодурустро дар худ нигоҳ медорад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.