СОАТИ СИЁСӢ - такмилдиҳандаи дониши сиёсии хонандагон

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи тадбиқи Амалиёти муштарак 28-уми майи соли  равон бо мақсади амалӣ намудани амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ноҳия «Соати сиёсӣ» баргузор гардид, ки оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузорӣ дар муассисаи таълимии №2 - вобаста ба мавзӯъҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон давоми моҳи ҷорӣ, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони собиқадор, роҳбари муассиса, миёни хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зикршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.