Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” баҳри тозаву озода ва шод намудани рӯҳи гузаштагон гузаронида шуд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30 – юми май соли 2022 бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсол, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ, ҷамоати деҳоти Озодагон ва Кабут Сайфутдин ходимони дин, аъзоёни ҳизб, ҷонибдорон ва сокинон дар ду  қабристони ноҳия баргузор гардид.