Ободии диёр аз ҳар яки мо вобаста аст!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Панҷ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва ниҳолшинони ба ҳашари дастаҷамъона  баромаданд.

         Ҳашарчиён дар назди бинои муассисаҳо ба корҳои тозакунию тамизкори, рубучини роҳраву гулгаштҳо машғул гардида мавзеи барои гаштугузори одамонро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карданд. Аз ҷониби кормандони ин ташкилот тасмим аст, ки чунин ҳашарҳои ободониву хуррамгардонӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.