Кишти картошка дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи он дар ҳар хонавода аз масъалаҳое аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид менамоянд. Сокинони ноҳияи Панҷ низ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҳар як ваҷаб заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаронок истифода намуда истодаанд. Ва бо ин васила зиндагии хешро шиставу рангиртар мегардонанд. Масъулини ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”-и ноҳияи Панҷ низ дар қатори дигар сокинони ноҳия замини назди корхонаро самаранок истифода намудаанд. Онҳо ҳар як ваҷаб заминро бо кишти маҳсулотҳои гуногун пур намудаанд.