Кишти картошка дар муассисаи таълимӣ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи он дар ҳар хонавода аз масъалаҳое аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид менамоянд. Сокинони ноҳияи Панҷ низ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҳар як ваҷаб заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаронок истифода намуда истодаанд. Ва бо ин васила зиндагии хешро шиставу рангиртар мегардонанд. Масъулини муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Панҷ низ дар қатори дигар сокинони ноҳия замини назди муассисавиро самаранок истифода намудаанд. Онҳо ҳар як ваҷаб заминро бо кишти маҳсулотҳои гуногун пур намудаанд. Ин амали онҳо ба рӯҳияи хонандагон низ таъсири мусбӣ расонида, баҳри бедор гардидани меҳр дар дили онҳо нисбати замин, табиат  мусоидат менамояд.