БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат”  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.

         Сокинони маҳалла дар ин рӯз ба ҳашари дастаҷамъона баромадаву гирду атрофи оромгоҳро ба тартиб дароварда, даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.