КОРҲОИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқ гардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мақсади ободу зебо гардонидану ба "Кишвари Сабз" табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, шанбегии дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз бо иштироки аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор менамоянд.

         Маврид ба зикр аст, ки сокинони ноҳия тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҳашари дастачамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи маҳали худ, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз саҳми бозсазои худро мегузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.