Ватан ҳар гӯшаатро обод хоҳем кард!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бобати амалӣ шудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» дар ҷамоати шаҳраки Панҷ дар маҳаллаи «Лоҳутӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ободии Ватан – саодати мост!» роҳандозӣ карда шуда, беш аз 1,3 км роҳи маҳаллаи мазкур сангфарш карда шуд.