Оғози “Соатҳои сиёсӣ “ дар муасисаҳои таълимии ноҳия

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-ноҳияи Панҷ  бо иштироки фаъолони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, омӯзгорону тарбиятгирандагони синфҳои болоӣ Амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Соатҳои сиёсӣ» баргузор гардид. Дар соати сиёсӣ масъулин дар бораи моҳияити  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ,  вазъи бавуҷудомадаи ҳамсоякишварАфғонистон ва таҳдидҳои он  ба Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ иброз андеша карда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои даврони Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ  вазифаи ҷонии ҳар яки мо  мебошад ва моро зарур аст, аз ҳар рӯза дида бештар  масъулият  эҳсос намоем.