Аксияи “Рӯзи ёдовари” баҳри тозаву озода ва шод намудани рӯҳи гузаштагон гузаронида шуд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолон, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуми ноҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳалаҳои ҷамаоти шаҳраки Панҷ ва ҷамоати деҳоти Озодагон ва ходимони дин аъзоёни ҳизб, ҷонибдорон ва сокинон дар ду  қабристони ноҳия баргузор гардид.