“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ  НОҲИЯ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Санаи 30-юми сентябри соли 2023 дар гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Панҷ дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар ин замина баромадкунандагон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба:

1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳҳои охир;

2.Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ;

3.Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатархои ҷомеа;

4.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намоянд;

         Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад.

Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

         Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

         Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар гимназияи давлатии № 1-и  ноҳияи Панҷ дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

         Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, директори  муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда, оид ба мавзуҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.