Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии маъюбон бахшида ба Иди Саиди Фитр санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ бо дастгирии муҳоҷирон ва тарафдорони ҲХДТ бо иштироки  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Усмонов Зикруллоҳ дар ҳамкорӣ бо шахси масъули деҳа Назаров Сайфиддин дар ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳоти Ҳасан Шерови ноҳияи Панҷ ба 9- нафар оилаҳои ниёзманд ва маъюб бо маблағи 9000  сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.