Ватан, ҳар гӯшаатро обод хоҳем кард- аксия таҳти унвони «Якҷоя месозем!»

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бобати амалӣ шудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем» дар ҷамоати шаҳраки Панҷ дар маҳаллаи «Марзбон» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ободии Ватан – саодати мост!» ва «Якҷоя месозем» роҳандозӣ карда шуда, беш аз 1,5км роҳи маҳаллаи мазкур сангфарш карда шуд.