Кӯмак расонидан ба ниёзмандон яке аз самтҳои асоси фаъолияти ҲХДТ аст!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии маъюбон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон   бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадсафарзод Мирзораҳим ва Усмонов Зикруллоҳ дар ҳамкорӣ бо мудири бахши занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муҳмадиева Зайнура дар ҷамоати деҳоти Озодагон дар  деҳаи Ҳасан Шери ноҳияи Панҷ ба 8  нафар либоси идона ва кумаки молиявӣ расонида шуд.