Ташшабусҳои Ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифчиён”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

             Дар ҳошияи дастуру  ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маорифи ноҳия амалӣ гардида истодаанд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 - ро аз таъмири чорӣ  бароварда  истодаанд. Мавриди тазаккур аст аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин кори басо хайр дастаҷаъмона ва муташаккилона ширкат варзида , бо ин восита садоқати худро ба сиёсати оқилонаю  дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар собит менамоянд.

    Дар ҳудуди ноҳияи Панҷ дар асоси баргузории корҳои таблиғотии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   корҳои таъмиру аз навсозии синфхонаҳо идома дошта,  барои қабули хонандагон ба соли нави хониш пурра омодагӣ дида истодаанд.  Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муассисаҳои дигари ноҳия идома дорад.