Таъмини нафақаи ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  25-уми июли соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ амалӣ гардид. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз аз  ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ нафақаи ҳизбӣ расонида шуд.

  Аз ин амали нек пайвандону наздикони нафақагирандагон хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.