Татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ - омили пешрафти таълиму тарбия

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Дар ҳошияи дастуру  ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маорифи ноҳия амалӣ гардида истодаанд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарони муассисаи то мактабии №1-и ноҳия муасисаи номбурдаро  аз таъмири ҷорӣ бароварданд. Мавриди тазаккур аст, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин кори басо хайр дастаҷаъмона ва муташаккилона ширкат варзида , бо ин восита садоқати худро ба сиёсати оқилонаю дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар собит менамоянд.