Ташшабусҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”амалӣ мешаванд  

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар асоси дастуру  супоришҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маорифи ноҳия амалӣ гардида истодаанд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарон литсейи давлатии №1-и ноҳияро аз таъмири чорӣ бароварда истодаанд. Мавриди тазаккур аст аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин кори басо хайр дарстаҷаъмона ва муташаккилона ширкат варзида , бо ин восита садоқати худро ба сиёсати оқилонаю дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар собит менамоянд.

 Дар ҳудуди ноҳияи Панҷ дар асоси баргузории корҳои таблиғотии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   корҳои таъмиру аз навсозии синфхонаҳо идома дорад.