ОБОДИИ ДИЁР – МАРОМИ МОСТ!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Имрӯзҳо дар остонаи яке аз ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиёни ноҳия баҳри ободу зебо гардонидани ҳар кӯчаю гулгашти маҳал азму талош намуда истодаанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои оқилонаю саривақтии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд. Дар ин замина ҳизбиёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Озодагон” дар ҳамкори бо ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”  3 км роҳҳои маҳаллиро мумфарш намуданд. Тазакур бояд кард, ки хушбахтона ташаббусҳои ҳизбӣ дар байни мардум хеле хуб дастгирӣ меёбанд. Бояд қайд кард, ки корҳои ободкорию бунёдкорӣ дар ноҳия идома дорад.