Ташаббусҳои ҳизбӣ татбиқ мешаванд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади аз таъмири ҷорӣ баровардани муасисаҳои таълимии ноҳия ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” тасмим гирифтанд, ки бо кӯмаку дасгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ин маъракаро дар сатҳи баланд баргузор намуда, то оғози соли нави таҳсил муасисаҳои таълимиро барои таълиму тадриси толибилмон омода намоянд. Бобати амалӣ шудани ин ташаббуси ҳизбӣ омузгорону волидони хонандагони Гимназияи давлатии №1 дар ин кор хеле фаъолнокӣ нишон дода, дар амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои  роҳбарияти олии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.