“ Мактаби Ман”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи  Панҷ  бо иштироки омӯзгорони МТМУ №5 ва сокинону ҷонибдорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия директори муассисаи таълимии номбурда суҳбату вохӯрӣ намуданд, ки дар ин вохӯрии самарабахш падару модарони хонандагон низ ширкат доштанд. Аз ҷониби директори муассиса ва роҳбарони синф вазъи ҳозираи мактаб барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва ниёзҳои моддию техникӣ, аз ҷумла бобати аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаи таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.