Таъмини нафақаи ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

24-уми июни соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ амалӣ гардид. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз дар арафаи таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва  Иди Қурбон аз  ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба як нафар маъюб Ахмедов Муродали сокини ҷамоати шаҳраки Панҷ, кучаи ба номи А.Рӯдакӣ №64  нафақаи ҳизбӣ барои моҳи июн расонида шуд.

Аз ин амали нек пайвандону наздикони Ахмедов Муродали хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.