Ободии диёр – мароми мо !

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш созандагию бунёдкориро яке аз ҳадафҳои асосию афзалиятнок эълон намуда, баҳри расидан ба ин қуллаи мақсуд тамоми неру ва қувваи зеҳнии худро истифода мебарад. Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш вобаста ба татбиқи ин ҳадафи басо созандаи ҳизбӣ гаштаю баргашта андешаронӣ намуда, баҳри ободу зебо гардонидани  ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ҳидоят мекунад. Ин аст ки ҳизбиёни ноҳияи Панҷ дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллатро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри гулгулшукуфи Ватани ҳамешабаҳорамон азму талош мекунанд.

Дар ҳошияи гуфтаҳои боло аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳвар” 5,5 км роҳҳои маҳаллии ҷамоати деҳотро мумфарш намуданд ва ин амали хайрро армуғоне ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ арзёбӣ карданд.