ОБОДИИ ДИЁР – МАРОМИ МО

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар остонаи ҷашни бузурги халқи тоҷик – Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ҳизбиёни ноҳия баҳри ободу зебо гардонидани ҳар кӯчаю гулгашти маҳал азму талош намуда истодаанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои оқилонаю саривақтии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд. Дар ин замине ҳизбиёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Озодагон” дар ҳамкори бо ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”  3 км роҳҳои маҳалиро сангфарш намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки хушбахтона ташаббусҳои ҳизбӣ дар байни мардум хеле хуб дастгирӣ меёбанд. Бояд қайд кард, ки корҳои ободкорию бунёдкорӣ дар ноҳия идома дорад.