ТАШАББУСҲОИ  ҲИЗБӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ АМАЛӢ МЕШАВАНД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз шароити дарсомӯзии толибилмон муасисаҳои таълимии ноҳия беҳтар мегардад. Аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ тасмим гирифтаанд, ки дар таъмиру тармими муасисаҳои таъмилӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд. Дар ин росто аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳмот-1” бобати аз таъмири ҷорӣ баровардани муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 иштироки фаъолона варзида, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, дастаҷаъмона ба ин кори хайр оғоз намуданд.