Вусъати корҳои таъмиру азнавсозӣ да кӯчаҳои маҳал

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ташаббусҳои ҳизбӣ дар маҳалу кӯчаҳои ноҳия амалӣ гардида истодаанд. Ҳизбиёниноҳия дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва дар радифи амалӣ шудани ташаббусҳои ҳизбӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза зам карда истодаанд. Дар ин росто санаи 6-уми июни соли 2023 бо ҷалбу саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, ҷонибдорони он ва шахсони саховатманду ободкор 7км кӯчаи ба номи  Қодир Зоидов мумфарш карда шуд. Дар ин кори хайр саҳми ташкилотҳои ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Панҷ”, “Роҳсоз” ва “Қодир Зоидов” хеле назаррас аст. Ҳизбиёни ноҳия назди худ мақсад гузоштаанд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакатамон кӯчаҳои маҳалиро таъмиру тармим ва мумфарш намоянд.