Шамбегӣ  баҳри тозагӣ ва ободии муҳити атроф 

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия пайваста шанбегӣ гузаронида мешавад. 3-уми июн  кормандони  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баҳри тоза намудани гирду атрофи кӯчаю гулгаштҳо ба шанбегии дастаҷаъмона баромаданд. Дар ин шанбегӣ ҳамаи кормандони Кумитаи Иҷроияи ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби онҳо гирду атроф  ва бехи дарахтон рубу чин ва нарм карда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки минбаъд чунин ташаббусҳо ва корҳои тозагию оббодонӣ ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кормандони ноҳиявии ҳизб ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида, бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳашари дастаҷамъона хоҳанд баромад.