Татбиқи  ташаббусҳои ҳизбӣ – мароми мо!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

        Дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҳизб ва бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “60-солагии Панҷ” корҳои созандагию бунёдкорӣ суръати тоза касб намуда истодааст. Дар ин росто ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии номбурда дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” зиёда аз 1,5 км роҳҳои ҳудуди маҳалро таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш карда, симои маҳалро куллан тағир доданд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии болозикр тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ раванди корҳои ободониро вусъат бахшида, ин замини бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда ҷашн гиранд.