Роҳҳои маҳал сангфарш карда шуд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”-и ноҳияи Панҷ 1,5 км роҳи маҳал бо ҷалби сокинону фаъолони маҳаллаи 60-солагии ноҳияи Панҷ тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд.

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Панҷ  зимни дидан намудан аз чунин ҳашари дастаҷамъона бо сокинон ва фаъолони ҳизб оид  ба  ҳадафҳои  пайгиронаи  ҲХДТ дар  татбиқи  ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва  саҳм  гузоштан  дар истиқболу  таҷлили   сазовори  ҷашни 35-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст ин саҳм гузоштан баҳри боз  ҳам  ободу  зебо гардидани  Ватани азизамон мебошад.